Волидайн

Волидон метавонанд оид ба рушди кӯдакони синни барвақт (аз рӯзи таваллуд то шашсола) тавассути бозиҳо, машғулиятҳо, дастуру тавсияҳо дар мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла усулҳои дастгирии кӯдакони имконияташон маҳдуд маълумоти бештар гиранд.

Волидон аз Сандуқчаи Зулбиё чӣ гуна манфиат гирифта метавонанд?

Омӯзиш на танҳо дар мактаб, балки дар оила низ ташкил карда мешавад. Волидон ва мураббиён метавонанд рушди кӯдакони хурдсолро тавассути машғулиятҳое, ки камхарҷ ва талаботи аз ҳад зиёдро тақозо намекунанд, ба роҳ монанд. Фаъолиятҳои мухталиф, ба монанди суҳбат, хондани китоб, сурудан, савол додан малакаҳои муҳими забондонӣ ва саводи кӯдакони синни хурдро инкишоф медиҳанд. Дар ҳаёти ҳаррӯза мушоҳида кардани нақшҳо, шаклҳо ва рақамҳо барои омӯзиши баъдии математика замина фароҳам меорад. Бозӣ бо кӯдакони хурдсол дар ҳалли мушкилот, изҳори њиссиёт ва эҷоди робитаҳо бо калонсолони ғамхор кумак мекунад. Инкишоф додани ин малакаҳо дар муҳити хона тавассути захираҳои Сандуқчаи Зулбиё дучанд осон аст.

Машғулиятҳо ва бозиҳо

Мавод барои волидон ва мураббиёни муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, ки дар ҷустуҷӯи бозиҳо ва машғулиятҳо барои кӯдакони хурди аз рӯзи таваллуд то шашсола мебошанд.


Дастуру тавсияҳо

Дастуру тавсияҳои муфид барои волидон ва мураббиёни муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ оид ба рушди иҷтимоиву эҳсосии кӯдакон, тарзи ҳондани ба кӯдакон ва роҳу усули дастгирии кӯдакони имконияташон маҳдуд.

Прокрутить вверх